АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0
5137

Барои ишғоли вазифаҳои штатии холӣ зерин ОЗМУН эълон менамояд
Дастгоҳи марказӣ (ш.Душанбе)

Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
1 – ваколатдори калони оперативӣ
3 – ваколатдори оперативӣ

Раёсати сайёри оперативӣ
1- ваколатдори калони оперативӣ
1- ваколатдори оперативӣ
1- сардори Шуъбаи таъиноти махсус
1- нозири Шуъбаи таъиноти махсус

Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ
1- нозир

Шуъбаи тафтишот
1- муовини сардори шуъба
1- муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳим

Шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ
1-нозири калон

Шуъбаи кадрҳо
1- нозири калон

Раёсати Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ш.Хоруғ, н.Мурғоб);
1- ваколатдори оперативӣ
1- ваколатдори оперативӣ дар ноҳияи Мурғоб

Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон (ш. Қурғонтеппа, ш.Кӯлоб);
1 – нозири калон оид ба супоришҳои махсуси гурӯҳи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ
1- ёрдамчии навбатдор
1- ваколатдори калони оперативӣ
1- ваколатдори оперативӣ

Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд (ш. Хуҷанд)
1- нозири калон
1- муовини сардори раёсат
1- нозир- навбатдори Шуъбаи оперативӣ-навбатдорӣ
3- ёрдамчии навбатдор
1- нозири гурӯҳи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ

Шуъбаи байниноҳиявӣ Зарафшон
1- ваколатдори оперативӣ

Шуъбаи Агентӣ дар шаҳри Истаравшан
1- сардори шуъба
1- нозири навбатдор – хоҷагидор

Шуъбаи Агентӣ дар шаҳри Турсунзода
1- сардори шуъба
1-нозири навбатдор – хоҷагидор

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони роҳбари мақомот;
– саволнома (анкета);
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи диплом;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
– нусхаи билети ҳарбӣ;
– хислатнома;
– сурат 3х4 (2 дона)

Тартиби гузаронидани озмун:
– Озмун аз 3-давра иборат мебошад;
– қабул ва омӯзиши ҳуҷҷатҳо;
– сӯҳбат бо номзадон;
– санҷиши махсуси номзадон.

Талабот нисбати довталабон:
– маълумоти олӣ-ҳуқуқӣ
– маълумоти олӣ-тиббӣ (табиб-нарколог ё фармасевт-провизор) барои нозири калон оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ
– синну сол аз 20 сола то 35 сола
– мувофиқати вазъи саломатӣ
– собиқаи кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
– довталабон аз озмун мегузаранд (санҷиши хаттӣ, санҷиши сатҳи савияи дониш, санҷиши тайёрии ҷисмонӣ)

Бартарият ба донандагони забони хориҷӣ ва барномаҳои компютерӣ дода мешавад.

Эзоҳ: ариза ва ҳуҷҷатҳои номзадон ҷиҳати иштирок дар озмун то 15 октябри соли 2017 дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кучаи Н.Қарабоев 52 қабул карда мешаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД