Аз тарафи Агентӣ дар рафти ҷаласаи СААД намоишгоҳи аксҳо ташкил карда шуд

0
1266
2_Szena

Дар Қасри Миллат иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегирад, баргузор гардид.

Намоиши аксҳо таҳти унвони “СААД – сипари боэътимод дар роҳи интиқоли маводи мухаддир” ҷараён гирифта, он машқҳои “Гром-2015”-ро, ки аз 24 август то 4 сентябри соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон бо иштироки ниҳодҳои кишварҳои аъзои СААД дар ду марҳила баргузор гардида буд, инъикос менамояд.

Дар қисмати дуюми намоиши аксҳо, ки таҳти унвони “Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бар зидди маводи мухаддир” мегузарад, нишон дода мешавад, ки кишвари мо дар давоми 15 соли охир аз муомилоти ғайриқонунӣ 110 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 34 тонна героин ва 38 тонна афюнро мусодира кардааст.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД