АНМН иттилоъ медиҳад:

0
1442

20-21 апрели соли 2015 дар сомонаҳои интернетӣ маълумотҳое ба нашр расиданд, ки гӯё аз ҷониби кормандони АНМН назди Президенти ҶТ дастгиршуда Зайдуллоев Шамсиддин дар Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ 13 апрел аз зарби лату кӯб фавт кардааст. Дар сомонаи “Азия-плюс” аксҳои ӯ ҷойгир шудааанд, ки гӯё асари лату кӯб дошта бошад. Ин хабари носанҷида, ки аз суханони модари Зубайдуллоеви фавтида таҳия шудааст, дар ҷомеа сару садоҳое ба бор овард ва асли воқеиятро таҳриф кард.

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ оиди ин ҳодиса хабар медиҳад:

12 апрел, тахминан соати 14 Зайдуллоев Шамсиддин, ки аз ҷониби кормандони АНМН барои фурӯши маводи мухаддир дастгир шуда буд ва дар ТНМ АНМН нигоҳдорӣ мешуд, худро нороҳат ҳис кард: тамоми аъзои баданаш меларзид. Навбатдорони Агентӣ “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват намуданд, ки пас аз 20 дақиқа духтурон расида дастгиршударо муоина намуданд. Баъдан таъкид карданд, ки номбурда қаблан маводи мухаддирро истеъмол мекард ва дар натиҷаи ин гирифтори абстиненсия (хумор) шудааст. Онҳо маслиҳат доданд, ки номбурда ба Маркази ҷумҳуриявии наркологӣ бурда шавад.

Датгиршударо ба Маркази нарколгӣ бурданд ва дар он ҷо ба номбурда кумаки тиббии зарурӣ расонида шуд. Зайдуллоев ду соат таҳти муолиҷа қарор дошт, пасон ӯро ба Маркази “Ёрии таъҷилӣ” барои муоинаи минбаъда бурданд.

Дар Маркази “Ёрии таъҷилӣ” Зайдуллоевро муоина намуданд ва барои табобати бемор амалиёти ҷарроҳиро истисно намуданд. Пешниҳод намуданд, ки бо дастгоҳи махсус меъдаашро аз эзогастроскопия гузаронанд, аммо Зайдуллоев ин амалиётро қатъиян рад намуд ва дар ин бора ҳатто забонхат ҳам навишта буд. Соати 23-15 ӯро ба Агентӣ оварданд, ки ӯ то саҳар дар утоқи тавқифгоҳ қарор дошт. Дар давоми ин муддат навбатдори Агентӣ ва кормандони ТНМ бевосита дар назди дари маҳбасхона қарор доштанд ва аз аҳволи ӯ доим хабар мегирифтанд.

Тахминани соати 5 саҳар корманди ТНМ ба навбатдори Агентӣ хабар дод, ки аҳволи Зайдуллоев Ш. ногаҳон аз нав бад шуд. Навбатдор фавран “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват намуд. Духтурон баъд аз муоина сабаби маргро “аз норасоии кори мӯътадили дил” муқаррар намуданд. Оид ба ҳодисаи мазкур фавран мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ хабардор карда шуданд. Кормандони прокуратура дар якҷоягӣ бо ташхисгари судӣ-тиббӣ ҷасадро муоина намуда, протоколи дахлдорро тартиб доданд. Дар протокол омадааст, ки “аломатҳои зоҳирии марги маҷбурӣ дида намешаванд”. Бо ҳамин, ҳодисаи муносибати бераҳмонаи кормандони АНМН нисбати дастгиршуда аз байн меравад.

Илова бар ин дар ҳамаи биноҳои Агентӣ, аз ҷумла дар ҳар ду ошёнаи ТНМ камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудаанд, ки тавассути онҳо рафтори шабонарӯзии кормандон мушоҳида ва сабт мегардад.

Дар рафти тафтишот Зайдуллоев Ш. нишон дод, ки аз моҳи декабри соли 2013 ӯ героинро бо роҳи нафаскашӣ истеъмол менамуд. Модари Зайдуллоев Ш. тавзеҳ дод, ки яку ним сол қабл писараш дар диспансери клиникии наркологӣ барои истеъмоли героин муолиҷа гирифта буд.

Аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ маълумотномаи расмӣ дода шудааст, ки Зайдуллоев Ш. дар қайди профилактикӣ қарор дорад.

Пас аз дастгир шудан, Зайдуллоев Шамсиддинро дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ бевосита аз муоина гузарониданд ва аз тарафи духтурон-наркологҳо ташхиси “истеъмоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ” муайян шуд.

Рӯзноманигороне, ки маводашонро қабл аз натиҷаи хулосаи тиббӣ ба нашр расониданд, ба шитобкорӣ роҳ дода “ташхиси” худро гузоштанд ва бо ин амалашон ҷомеаро ба иштибоҳ андохтанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД