Иқдоми “Мотосиклронӣ” дар вилояти Хатлон

0
2148

Бо ташаббуси кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он, дар шаҳрҳои Сарбанду Қурғонтеппа ва ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун ва Панҷи вилояти Хатлон иқдоми “Мототсиклронӣ”, чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ, варзишӣ, озмунҳои расми беҳтарин, иншои беҳтарин, саҳначаҳо дар мавзӯи нашъамандӣ, инчунин ташвиқи тарзи ҳаёти солим пешниҳоди иштирокдорон гардид.


Дар чорабиниҳои мазкур Сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон Хайруллозода М., намояндагони Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар шахсони расмӣ шаркат варзиданд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ҷилавгирӣ намудани муомилоти ғайриқонунӣ ва сӯйистеъмоли маводи нашъадор мебошад. Дар рафти чорабиниҳо кормандони Раёсати Агентӣ ба ширкаткунандагони чорабиниҳо, аҳолӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ зиёда аз 1500 дона варақаҳои пешгирикунандаи нашъамандӣ (буклет) таҳти шиори “Зиндагӣ бе маводи мухаддир ҳам ширин аст” тақсим карданд.

Рафти баргузории чорабиниҳо аз тарафи ВАО ба навор гирифта шуда, пешкаши тамошобинон гардид.

Инчунин, дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон чорабиниҳои зиддинашъамандӣ давом доранд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД