Кормандони Хадамоти назорати маводи нашъаовари Алтай аз муҳоҷирони меҳнатии Қазоқистон миқдори махсусан калони героинро дар ноҳия боздошт намуданд

0
1171

Аз тарафи кормандони Раёсати Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар сарзамини Алтай зиёда аз 9,2 кг героини дар дохилаш қисмати хеле фаъол – диатсетилморфин доштаро боздошт намуданд. Ин миқдор маводи нашъаовар аз гурӯҳи ҷинояткор ошкор гардид ва тибқи маълумоти оперативӣ онҳо мақсад доштанд, ки тариқи чакана ба нашъаҷаллобони минтақаҳои ҳамсояи Сибир фурӯшанд. Нашъаҷалобон ният доштанд вазни мавҷуд бударо се-чор маротиба бо роҳи илова намудани омехтаҳои бегона зиёд намоянд.      Як миқдори героин дар Славгород дар дасти лӯлии 35-сола – зодаи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ба сарзамини Алтай зери ниқоби муҳоҷири меҳнатӣ ворид гаштааст, нигоҳ дошта мешуд. Бо мақсади пинҳон намудани кирдори ғайриқонунии худ ӯ якҷоя бо гурӯҳи ҷинояткор дар ҳуҷраи иловагии сохтмони хонаи шахсӣ истиқомат менамуд. Маҳз дар ҳамон ҷой кормандони Хадамоти назорати маводи нашъаовар зарфи пластмассии пур аз маводи ордмонанди рангаш зардтоб, инчунин асбоби барои пешакӣ баркашидани героинро ошкор намуданд. Героинро бояд ба қосид месупориданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД