Таҳлили вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
2275

Аз соли  1994 то нимсолаи якуми соли 2013 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гардиши ғайриқонунӣ  99 т 208 кг маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки аз он  32,5 т героин, 36,1 т афюн ва  29,1 т маводи нашъаовари навъи бангдона мебошад.  Дар ҳудуди давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия дар давраи аз соли  1996 то семоҳаи аввали соли  2013 – 193 т 747 кг 404 грамм маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ (героин ва афюн) мусодира шудааст, ки  аз онҳо 66,5 т  ё  34 %  ҳиссаи Тоҷикистон мебошад. Ҳиссаи  Россия-25 %, Қазоқистон ва  Қирғизистон -6 %-ӣ, Туркманистон-15 % ва  Ӯзбекистон – 14 %-ро ташкил медиҳад.

Ба қайдгирии ҷиноятҳои мухаддиротӣ ва мусодираи маводи нашаъаовар дар нимсолаи якуми соли  2013

Дар нимсолаи аввали соли 2013 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 537 ҷинояти алоқаманд бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ба қайд гирифтанд, ки назар ба нишондоди соли гузашта 4,3% зиёд аст. Аз муомилоти ғайриқонунӣ  3743 килову 563 грам воситаҳои нашъаовар мусодира шудааст, ки  назар ба ҳамин давраи соли гузашта 10,7% афзоиш ёфтааст.  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ 53 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаоварро пешгирӣ намуд, ки дар ҷараёни он 461 килову 786 грамм маводи мухаддир мусодира намуд. Ин нишондод назар ба соли гузашта 52,2% зиёд аст. Аз ҷумлаи маводи мусодирашуда 198 кг 185 гр маводҳои гурӯҳи афюнӣ ва 263 кг 601 гр маводи нашъаовари гурӯҳи бангдона мебошад, ки назар ба нишондоди соли гузшта 10,9% зиёд мебошад.Шӯъбаи тафтишотии Агентӣ  аз рӯи ҷиноятҳои ошкоршуда 66 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст, ки 45 парванда дар иртибот ба 66 нафар ба судҳо ирсол гардидааст.  9 нафаре, ки барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар ҷустуҷӯӣ байнидавлатӣ  қарор доштанд, дастгир шудаанд.  Дар ҷараёни марҳилаи аввали амалиёти “Кӯкнор-2013”, ки аз 20 май то 15 июл идома дошт, аз муомилоти ғайриқонунӣ 787 кило воситаҳои нашъаовар мусодира гардид. Аз ин миқдор қариб 31 кило героин, афюн  – 223 кило ва мухаддироти гурӯҳи каннабис  зиёда аз 533 килоро ташкил дод.  56  ҳодисаи нашъунамои бангдонаи худрӯй ошкор карда шуд. Лабораторияи ташхиси судии АНМН 141 ташхис гузаронидааст, ки аз он 53 ташхис бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ сурат гирифтааст.  Мутобиқи муқаррароти умумӣ бо иштироки намояндагони ВАО-и ватаниву хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ дар бухории махсуси Агентӣ 297 килову 437 грамм воситаҳои нашъаовар сӯзонида шуданд.

Амалиётҳои байналмилалии муштарак

Дар давраи ҳисоботӣ Агентӣ 7 амалиётҳои байналмилалии муштарак гузаронид, аз ҷумла:- бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 5 амалиёти муштарак гузаронида шуд.  Дар натиҷа 259 кг  400 гр маводи мухаддир мусодира карда шуд, аз ҷумла  239 кг 500 гр – афюн, 19 кг 900 гр – маводи нашъаовари гурӯҳи бангдона ва  220 кг – афюни   моеъ бо химикатҳо. Дар вулусволии  Бадахшони  ҶИА  лабораторияи истеҳсоли героин  маҳв шуда, 6 нафар нашъаҷаллоб дастгир шуданд; – бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой 1 амалиёти муштарак бо усули «таҳвили назоратшаванда» гузаронида шуд, ки дар натиҷа 3 кг 536 гр героин мусодира шуда, 2 шаҳрванди Нигерия дастгир шуданд; – бо Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон 1 амалиёти муштарак гузаронида шуда,  3 кг 280 гр героин мусодира ва  1 нафар дастгир карда шуд.

Назорати муомилоти маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ 

Бо мақсади таъмини риояи қоидаҳои муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар муассисаҳои тиббӣ, дорухонаҳо ва корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ 115 санҷиш гузаронида, дар натиҷаи он 1 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида,  12 таъинот барои рафъи камбудиҳои ошкоршуда бароварда шуд.  Дар рафти гузаронидани корҳои пешгирикунанда кормандони Агентӣ дар воситаҳои ахбори омма 443 баромад,  аз ҷумла, дар нашрияҳои чопӣ -122, дар радио-177, дар телевизион -144, дар сайти Агентӣ  – 139 хабар интишор намуданд.  Дар байни бахшҳои мухталифи аҳолӣ   218 вохӯрӣ ва мулоқот, 14 семинар, 17 «мизи муддавар» ва  46 чорабинии  варзишӣ – фарҳангӣ  гузаронида шуд. 16 майи соли 2013 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 апрели соли 2004 ташкил карда шудааст, баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа «Барномаи Миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017», ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ №183 аз 30 апрели соли 2012 тасдиқ гардидааст, муаррифӣ гардида, масъалаҳои рафти амалисозии барномаи табобати ҷойивазкунандаи афюнӣ (метадон), лоиҳаи Нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор барои соли 2013, инчунин омода намудани барномаҳо баҳри татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҶТ барои солҳои 2013-2020 муҳокима гардиданд. Аз  29 май то 2 июни соли  2013 дар Донишкадаи мудирияти умури сарҳадоти Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон (BMSC) тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Назорати прекурсорҳо дар мамлакатҳои минтақа» барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва кормандони нуқтаҳои гузаргоҳи назорати сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.  18 июни соли 2013 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти голландии башардӯстонаи «СПИД: Фонд Восток-Запад» (AFEW) дар толори меҳмонхонаи «Истиқлол» мизи мудаввар гузарониданд. Моҳи июн кормандони Агентӣ дар қаламрави кишвар ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир аксияҳои зиддинашъамандӣ гузарониданд. Озмуни тасвирҳои зиддинашъамандии бачагона, беҳтарин иншо ва мусобиқа оид ба тенниси рӯи миз ҷамъбаст гардиданд, ки ғолибонаш соҳиби мукофот ва ифтихорнома шуданд.  Дар доираи  ташаббуси “АҚТ” рӯзи 22 июни соли ҷорӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бо маводи нашъаовар бори нахуст Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон чорабинии омавию фарҳангӣ, варзишӣ ва таблиғотии зиддинашъамандиро дар деҳаи Интернатсионали ноҳияи Лайлаки вилояти Баткенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҷалби аҳолии минтақаи мазкур ва ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд доир карда шуд. 29 июни соли 2013 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати байналмилалии маводи нашъаовар ва ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Департаменти давлатии Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар толори ин Марказ дар байни 70 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе озмуни расмҳои беҳтарин, таҳти шиори «Мо ҷонибдори тарзи ҳаёти солим!» баргузор намуданд.Мутобиқи маълумоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 июли соли 2013 года дар муассисаҳои наркологии ҷумҳурӣ 7470 беморони нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 227 нафараш зан мебошанд (соли 2012 – 7231/219), шумораи умумии ин беморон нисбат ба аввали сол 239 нафар зиёд шудааст (+3,3 %), шумораи беморон дар байни занҳо бошад 8 нафар коҳиш ёфтааст, аз ҷумла;- дар шаҳри  Душанбе 3158 беморони нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд, ки  132 нафари он занҳо мебошанд (соли 2012  – 3046/131);  – дар вилояти Суғд 1052 беморони нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо  51 нафар зан мебошад (дар соли 2012 – 1041/51);- дар вилояти Хатлон 1206 беморони нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо  13 нафар зан мебошад (дар соли 2012 – 1159/7); – дар ВМКБ  908 беморони нашъаманд ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 5 нафарашон зан мебошад (дар соли  2012  – 915/5);- дар ноҳияҳои тобеи марказ 1092 нафар беморони нашъаманд ба қайд гирифта шуда,  аз онҳо  26 нафар зан аст (соли 2012 – 1070/25);Дар  таносуби синну солӣ вазъи нашъамандӣ чунин аст: • 18-34 сола  – 2293 нафар. Аз онҳо  92 занҳо;• 35-59 сола – 5089 нафар. Аз онҳо  135 занҳо;• аз 60 сола боло – 88 нафар.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ 

Дар доираи ҳамкориҳо дар мубориза бо маводи мухаддир якчанд конференсияҳои байналмилалӣ, вохӯрӣ, мулоқот ва мизҳои мудаввар баргузор гардиданд, аз ҷумла 4-7 феврал дар ш. Теҳрони ҶИЭ вохӯрии дуҷонибаи АНМН ва Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Эрон, 4-7 март дар ш. Венаи Австрия вохӯрии корӣ ва мизи мудаввар дар мавзӯи “Дастрас гардонидани опиоидҳои истеъмолӣ барои бедардкунӣ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ”, 10-15 март дар шаҳри Вена ҷаласаи 56-уми Комиссияи маводи мухаддир ва дуюмин ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи минтақавии мубориза алайҳи маводи мухаддир барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он, мулоқоти дуҷониба бо муовини Дабири Кулли  Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Федотов Ю. ва 3-8 июн дар Москва Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир (IDEC XXX). Дар ин чорабиниҳо Директори Агентӣ, инчунин муовинони Директор ва роҳбарони раёсатҳои Агентӣ иштирок ва баромад намуданд.Бо назардошти рушди вазъи мухаддиротӣ дар минтақа 20 апрели соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда  буд: “Агентии назорати маводи нашъаовар якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳо ва идораҳои блоки иҷтимоӣ “Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”-ро таҳия намоянд. 13 феврали соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи мазкур тасдиқ гардид.Директори Агентӣ 30 апрели соли 2013 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷаласаи роҳбарони мақомоти ваколатдори кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки салоҳияти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадорро доранд, иштирок намуд. Масъалаҳои ҳамкориҳои кишварҳои аъзои СҲШ дар самти назорати муомилоти маводи мухаддир, муқовимат бо истеҳсол ва қочоқи маводи нашъадор, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истеҳсол мешаванд, дар Ҷаласа мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамзамон Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2013-2014 оид ба татбиқи Барномаҳои амалишаванда доир ба иҷрои Стратегияи зиддимухаддиротии СҲШ барои солҳои 2011-2016 тасдиқ гардид.2-10 май дар доираи қарордоди байни АНМН ва Агентии мубориза бо ҷиноятҳои мутташаккили Британияи Кабир  (SOCA) дар шаҳри  Душанбе аввалин курсҳои бозомӯзӣ барои кормандони полиси ҶИА баргузор гардид.5 июни соли 2013 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия вохӯрии Директори АНМН генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо Директори Департаменти мубориза бо мухаддироти ШМА (ДЕА) хонум Мишел Леонхарт баргузор гардид.27 июни соли ҷорӣ ҳайати Шӯрои иҷроияи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН), Хазинаи СММ дар самти халқу аҳолӣ (ЮНФПА) ва Дафтари СММ оид ба таъмини Барномаҳо (ЮНОПС) дар доираи сафари аввалини расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази Миллии таълимии хадамоти Кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.Ба ҳайати меҳмонон кормандони сохторҳои гуногуни СММ, ки дар кишварҳои Зеландияи Нав, Марокаш, Индонезия, Гватемала, Ҷибутӣ, Белорус, Федератсияи Россия ва Тоҷикистон фаъолият доранд, дохил буданд.2 июли соли 2013 дар шаҳри Москва ҷаласаи сездаҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори муқовимат алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа лоиҳаи Стратегияи зиддимухаддиротии давлатҳо-аъзои СААД дар соли 2013-2017 ва ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори муқовимат алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар солҳои 2012-2013 баррасӣ шуд.4-5 июли соли ҷорӣ  дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба кӯмак ба сарҳадот (БОМКА ) дар Осиёи Марказӣ семинари дурӯза барои роҳбарони хадамоти кинологии Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки он масаълаҳои мубодилаи таҷриба ва афкори иштирокчиён оид ба таҷрибаи корӣ дар соҳаи маҳорати ром кардани сагҳо барои дарёфт кардани маводи нашъаовар, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро дар бар гирифта, барои устувор намудани иқтидори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сару кор доранд, равона шуда буд. Дар семинар намояндагони ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Сиёсати кадрӣ

Дар АНМН бо мақсади омодасозӣ ва такмили ихтисоси кормандон семинарҳо ва тренингҳои гуногун, ҳамчунин курсҳои таълимӣ гузаронида мешаванд.23 феврали соли 2013 бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба дар сафороии ҳарбии нерӯҳои ҳарбии гарнизони Душанбе ширкат карда, санъати баланди гузаштан аз сафороии ҳарбиро нишон доданд.Зарфи шаш моҳи соли 2013  93 нафар кормандони Агентӣ дар 34 конфронс, семинарҳо, курсҳои омӯзишии байналмилалӣ, аз ҷумла дар базаи Институти Умумиросиягии такмили ихтисоси кормандони ВКД Федератсия Россия, Институти Шимолу Ғарбии такмили ихтисоси  ХДНММН ФР, Академияи байналмилалии Туркия оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил, Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД