Таҳлили вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар 20 соли охир ва натиҷаҳои соли 2013

0
1812

Тоҷикистон аз рӯи нишондодҳои мусодираи маводи нашъаовар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия дар ҷои аввал меистад. Дар ин бора таҳлили мусодираи маводи нашъаовар дар ин кишварҳо дарак медиҳад.

Мутобиқи ин таҳлил дар Тоҷикистон дар давраи аз соли 1994 то соли 2013 аз муомилоти ғайриқонунӣ 102 тонна 151 кг маводи нашъаовар, аз ҷумла 33 тонна героин, 36,1 тонна афюн ва 31,6 тонна маводи нашъаовари бангдона мусодира гардид.

Дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия дар давраи аз соли 1996 то соли 2013 205,5 т маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ (героин ва афюн) мусодира гардид, ки аз ин ҳисса 67,2 т ё 33% ба Тоҷикистон рост меояд. Ҳиссаи Россия – 28%, Қазоқистон – 6%, Туркманистон – 15% ва Ӯзбекистон – 13%-ро ташкил менамояд.

s1s2

 

 

 

 

 

Дар соли 2013 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон 936 ҷинояти вобаста бо муомилаи ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудааст, ки ин 5% миқдори умумии ҷиноятҳои содиршударо ташкил менамояд.

Дар ин давра аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 6 686 кг 534 гр маводи нашъаовар мусодира гардид, ки ин назар ба соли 2012 11,8% зиёд аст. Соли 2010 миқдори маводи нашъаовари мусодирашуда 3 902 кг-ро ташкил намуд, ки ин назар ба соли 2013 71,3% кам аст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бевосита ва дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ ва хориҷӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 385 кг 458 гр маводи нашъаовар мусодира гардид.

Аз ҷумла дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 933 кг 823 гр маводи нашъаовар мусодира гардид, аз ин ҳисоб маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ – 298 кг 33 гр, ки ин назар ба натиҷаи соли 2012 2,3 маротиба зиёд мебошад, ва маводи нашъаовари гурӯҳи бангдона – 635 кг 490 гр.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Агентӣ дар соҳаи пурзӯр намудани мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки бо муоилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар робита доранд, як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа фаъолияти 28 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ба таркиби он 79 ҷинояткор дохил шуда буд, қатъ гардида, 2 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ нобуд карда шуд.

Аз тарафи Шӯъбаи тафтишотии Агентӣ 155 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидаааст, ки аз онҳо 96 парванда нисбати 133 шахс ба суд равон карда шуд.

18 шаҳрванд, ки дар кофтукови байналмиллалӣ барои содир намудани ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар қарор доштанд, боздошт гардиданд.

Дар рафти амалиёти “Кӯкнор-2013”, ки аз 20 май то 30 ноябри соли 2013 шуда гузашт, аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 т 580 кг 159 гр маводи нашъаовар мусодира гардид, аз ҷумла 102 кг 262 гр героин, 366 кг 600 гр афюн ва 2 т 111 кг 297 гр бангдона. 233 ҳодисаи парвариши банги худрӯй ошкор гардид.

Бо тартиби муқарраргардида дар оташдони махсуси Агентӣ дар ҳузури намояндагони ВАО, комиссия 644 кг 744 гр маводи нашъаовар сӯзонида нобуд карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Агентӣ 9 амалиёти муштараки байналмиллалӣ, аз ҷумла бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон гузаронида шуд, ки дар натиҷа 430 кг 400 гр маводи нашъаовар мусодира гардид, 4 лаборатория оид ба истеҳсоли героин нобуд карда шуд, 4 нафар қочоқчӣ боздошт гардид. Бо Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой 1 амалиёт аз рӯи усули “интиқоли назоратшаванда” гузаронида шуд. Дар натиҷа 3 кг 536 гр героин мусодира гардид ва 2 нафар шаҳрвандт Нигерия боздоҳт гардид. Бо ҳамкорон аз Қирғизистон 1 амалиёт гузаронида шуд, 3 кг 280 гр героин мусодра гардид, 1 нафар боздошт гардид.

Бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия амалиёти муштарак гузаронида шуд ва зиёда аз 52 кг героин мусодира гардид.

Бо мақсади таъмини риояи қоидаҳои муомилаи қонунии маводи нашъаовар, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар муассисаҳои тиббӣ, дорухонаҳо ва корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ 191 тафтиш гузаронида шуд. Аз рӯи натиҷаи онҳо 20 амрнома оиди бартараф намудани норасоиҳои ошкоршуда дода шуд ва як парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.

Аз рӯи маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ дар соли 2013 дар муассисаҳои наркологии ҷумҳурӣ 7 176 бемори нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии соли 2013 198 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд, ки нисбати соли 2012 (219) 21 нафар коҳиш ёфтааст.

Дар рафти гузаронидани корҳои пешгирикунанда аз тарафи кормандони Агентӣ 758 баромад омода карда шуд, аз ҷумла дар нашрияҳои чопӣ – 184, тавассути радио – 317, тавассути телевизион – 257, дар сайти АНМН 262 иттилоот ҷойгир карда шуд. Дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ 438 мулоқот ва сӯҳбат, 35 семинар, 33 “мизи мудаввар” ва 103 чорабинии варзишӣ-фарҳангии зиддимухаддиротӣ гузаронида шуд.

Бо мақсади муттаҳид намудани кӯшишҳо дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, баланд бардоштани самаранокии он Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ҳамкориҳои худро бо кишварҳои манфиатдор ва ташкилотҳо рушд медиҳад. Аҳамиятнокии ҳамкориро дар ин мубориза ба назар гирифта, Тоҷикистон ба таҳияи намудани ташаббусҳо, ки ба васеъ намудани заминаи ҳуқуқӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои байналмиллалӣ равона шудаанд, мусоидат менамояд. Бо ин мақсад намояндагони Агентӣ зери сарварии роҳбарият ва кормандони дигар дар ин давра дар зиёда аз 60 конфронс, мулоқот, тренинг ва семинарҳо иштирок намуданд.

28 сентябри соли 2013 дар Душанбе ҷаласаи сеҷонибаи шахсони масъули сохторҳои зиддимухаддиротии ташаббуси АҚТ (Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон) баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноят иштирок намуданд.

24 октябри соли 2013 дар Исломобод мулоқоти чоруми идораҳои зиддимухаддиротии Афғонистон, Покистон, Россия ва Тоҷикистон, ба ном “Чоргонаи зиддимухаддиротии Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Иштирокчиёни мулоқот масъалаҳои доир ба хатари паҳншавии маводи нашъаовар, ҳамкории мутақобил дар мубориза бар зидди маводи нашъаоварро дар сатҳи байналмиллалӣ муҳокима намуданд. Диққати асосӣ ба рушди вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои ҳарбӣ дар соли 2014 равон шуда буд.

11 ноябри соли 2013 дар Брюссел ҷаласаи ҳайати вакилони Парламенти Аврупо оид ба робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шуда гузашт. Аъзоёни ҳайати вакилони Парламенти Аврупо бо Маърӯза оид ба вазъи вобаста бо маводи нашъаовар дар соли 2012, инчунин бо мақсад ва вазифаҳои Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Тоҷикистон дар солҳои 2013-2020 шинос шуданд. Дар мулоқот намояндагони Шӯрои Аврупо нақшаи амали Шӯрои Аврупо – Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаоварро муҳокима ва қабул намуданд

29 ноябри соли 2013 дар Душанбе мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии Афғонистон, Эрон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Россия, Хитой, ШМА, Туркия, инчунин намояндагони Раёсати СММ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, ки он “Муколамаи Душанбе” номгузорӣ карда шуд. Дар мулоқот нуқтаи назари ягона оиди ба эътидол овардани вазъият ва муқовимат ба интиқоли маводи нашъаовар дар минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилофӣ аз Афғонистон дар соли 2014 коркард гардид, инчунин баҳои холисона ба омодагии тарафайн барои қабули чораҳои зиддимухаддиротӣ дода шуд.

Аз 30 ноябр то 2 декабри соли 2013 аз тарафи раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноят дар чорчӯбаи “Барномаи минтақавӣ оид ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя барои солҳои 2011-2014” конфронс оид ба ҳамкории Афғонистон ва Тоҷикистон дар соҳаи назорат аз болои маводи нашъаовар ва таъмини зист ташкил карда шуд.

Дар кори конфронс чораҳои зарурӣ оид ба ҳамкорӣ байни Афғонистон ва Тоҷикистон бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашаъовар муҳокима гардид ва кӯшишҳои тарафайн оид ба паст кардани хатари паҳншавии маводи нашъаовар дида баромада шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД