ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҚОНУНШИКАНИҲОИ МАРБУТ БА МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ МУХАДДИР

0
1136

Нишондодҳои асосии вазъи мухаддиротӣ дар соли 2016

Соли 2016 дар муқоиса бо соли 2015 чунин тағйиротҳо дар вазъи мухаддиротӣ ба мушоҳида расиданд:

– шумораи ҷиноятҳои мухаддиротии бақайдгирифташуда ба 11% ё 109 ҷиноят (аз 965 то 856)

коҳиш ёфт;

– ҳиссаи ҷиноятҳои мухаддиротӣ аз шумораи ҷиноятҳои умумӣ аз 4,5% то 4% коҳиш ёфт;

– ҳаҷми маводи нашъадори мусодирашуда аз 4 т 676 кг то 3 т 426 кг (1 т 250 кг ё 26%) кам гардид;

– ҳаҷми маводи нашъадори гурӯҳи афюнии мусодирашуда аз 1 т 578 кг то 700 кг (878 кг ё 55%) коҳиш ёфт;

– ҳаҷми маводи нашъадори гурӯҳи бангдонаи мусодирашуда аз 3 т 98 кг то 2 т 726 кг (372 кг ё 12%)

коҳиш ёфт;

– миқдори ҳабҳои мусодирашуда, ки дар таркибашон моддаҳои психотропӣ, МДМА, амфетамин доранд, аз 11233 то 13337 (2104 дона ё 19%) афзоиш ёфт;

– бори аввал ҳодисаҳои мусодираи ҳабҳои дорои моддаи психотропии амфетамин ва бастаҳои омехтаи тамокукашӣ, ки дар таркибашон каннабиноиди синтетикии QCBL-2201 доранд, ба қайд гирифта шуданд;

– шумораи шахсони дар қайди диспансерии хадамоти наркологӣ қарордошта ба 246 нафар ё 3,4% (аз 7313 то 7067) коҳиш ёфт.

Ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли зиёдшавии шумораи ҷиноятҳои умумии

бақайдгирифташуда идома ёфт. Шумораи дуздӣ, қаллобӣ, расонидани зарар ба саломатӣ, роҳзанӣ ва ғоратгарӣ, инчунин ҷиноятҳое, ки характери террористӣ ва экстремистӣ доштанд, афзоиш ёфтанд.

Шумораи ҷиноятҳои умумӣ, ки дар соли 2016 ба қайд гирифта шуданд, аз ҳар як шаш соли охир зиёд буда, дар қиёс бо соли 2015 то 1% ё 171 ҷиноят афзоиш ёфт.

Ҷараёни бақайдгирии ҷиноятҳои мухаддиротӣ аз ҷиноятҳои умумӣ фарқияти зиёд дорад. Агар шумораи ҷиноятҳои умумӣ ҳамасола афзоиш ёбад, пас дар бақайдгирии ҷиноятҳои мухаддиротӣ афзоиш ба коҳиш тағйир меёбад.

Дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ 856 ҷиноятҳои мухаддиротӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин ба 11,2%

ё 109 ҷиноят нисбат ба соли 2015 кам мебошад. Нишондоди бадастомадаи соли 2016 дар қиёс ба солҳои 2011-2015 кам буд, лекин аз ҷиноятҳои мухаддиротии бақайдгирифтаи соли 2010 то 5% зиёд мебошад.

Дар пасманзараи зиёдшавии шумораи ҷиноятҳои характери умумидошта, ҳиссаи ҷиноятҳои

мухаддиротӣ аз ҳаҷми умумии ҷиноятҳо то 4% кам гардид. Соли 2015 ин нишондод 4,5% ва соли 2010 – 5,6%-ро ташкил дода буд.

Соли 2016 аз шумораи ҷиноятҳои мухаддиротии бақайдгирифташуда, ҷиноятҳое, ки бо моддаи 200 КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) бандубаст шуданд, афзалият доштанд.

Бо моддаи мазкур 639 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки аз ин 130 ҷиноят бо қочоқ рабт доранд (моддаи 289 ҚҶ ҶТ).

Дар соли 2016 бо моддаи 201 КҶ ҶТ 181 ҷиноят ва бо моддаи 204 КҶ ҶТ 8 ҷиноят ба қайд гирифта шуд,

ки дар муқоиса бо соли 2015 мутаносибан 32% (84 ҷиноят) ва 1% (6 ҷиноят) кам мебошад.

Шумораи категорияҳои дигари ҷиноятҳои мухаддиротии бақайдгирифташуда дар соли 2016 мисли пештар ночиз боқӣ монда, 3% – ро ташкил дод.

Дар соли 2016 дар қиёс бо соли 2015 шумораи ҷиноятҳои мухаддиротии бақайдгирифташуда дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ коҳиш ёфтанд. Таҳлил нишон дод, ки коҳиши бештар дар ш. Душанбе – ба 17% ё 50 ҷиноят ба мушоҳида мерасад (аз 297 ба 247) ва дар вилояти Хатлон – ба 11% ё 32 ҷиноят (аз 294 ба 262). Дар вилояти Суғд шумораи онҳо то 7% ё 17 ҷиноят (аз 227-210) коҳиш ёфт. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

бақайдгирии ҷиноятҳои мухаддиротӣ мутаносибан ба 7 ва 3 ҷиноят коҳиш ёфтанд.

Ҳамин тариқ, дар соли 2016 байни минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳиссаи ҷиноятҳои мухаддиротии бақайдгирифташуда дар ш. Душанбе – 29%, вилояти Хатлон – 30%, вилояти Суғд – 25%, НТҶ – 9% ва ВМКБ – 7%-ро ташкил дод.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД