Вохӯрии зиддинашаъмандӣ дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа

0
1831

22022017-2Аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон вохӯрӣ дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи Давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н. Хусрав бо иштироки васеи устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Мутахассисони Агентӣ дар назди иштирокчиён оид ба оқибатҳои истеъмоли воситаҳои нашъадор ва зарари он ба ҷомеа баромад намуда, инчунин оид ба вазъи нашъамандӣ дар вилояти Хатлон, натиҷаҳои таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, масъалаҳои суиистеъмоли маводи нашъаовар, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, қонунвайронкунии маъмурӣ ва пешгирии нашъамандӣ суханронӣ намуданд.
Рафти вохӯрии мазкур аз тарафи васоити ахбори оммаи вилоят ба навор гирифта шуда, пешкаши тамошобинони вилоти Хатлон гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД