Вохӯриҳои зиддимухаддиротӣ дар Бадахшон

0
1447

Баҳри дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои асосии “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, бо ташаббуси кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо сардухтури маркази наркологӣ ва гурӯҳи “Маслиҳат” аз 20 то 23-юми апрели соли 2016 дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии № 9 маҳаллаи Хидч ва Гимназияи Президенти маҳаллаи Н. Хисрав ва Ниводаки ш. Хоруғ, бо толибилмони синфҳои болоӣ вохӯрӣ дар мавзӯи «Нест бод нашъамандӣ» баргузор гардид.


Дар вохӯриҳои мазкур мутахассисон оид ба зарари маводи мухаддир ба инсон аз нигоҳи дин ва равоншиносӣ ҳарф зада, доир ба нашъамандию нашъаҷаллобӣ филми мустанад намоиш доданд.

Ҳамзамон, санаи 23-уми апрели соли ҷорӣ дар Раёсати Агентӣ дар ВМКБ аз тарафи мутахассисони гурӯҳи “Маслиҳат” ва сардухтури маркази наркологӣ бо ҳайати шахсӣ вохӯрӣ ташкил карда шуда, оид ба сӯистеъмоли маводи мухаддир филми мустанад намоиш дода шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД