Чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ дар Бадахшон

0
1092

Баҳри дар амал татбиқ намудани нақша-чорабиниҳои асосии Барномаи соҳавии “Стратегияи миллии мубориза ба зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2013-2020” ҳафтаи равон дар маҳаллаи УПД, Гулакен, Хичордеф, ҳамчунин бо донишҷуёни коллеҷи тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ як қатор чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ баҳри паст кардани сатҳи нашаъамандӣ баргузор гардиданд.
Чорабиниҳои мазкур дар мавзӯҳои “Нест бод нашъамандӣ” ва “Ҷавонони Бадахшон ҳаёти солимро интихоб мекунанд” баргузор гардиданд.
Санаи 22 ноябри соли равон дар маҳаллаи Боғи ботаникии ш.Хоруғ дар толори маҷлисии “Чойхонаи миллӣ” Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба вируси норасоии масъунияти одам ва пешгирии он баргузор гардид. Дар шӯрои мазкур диққати асоси ба масъалаи нашъамандӣ дода шуд. Духтури маркази наркологӣ дар баромадаш қайд намуд, ки хушбахтона теъдоди нашъамандон сол аз сол кам шуда истодааст. Дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ чорабиниҳои пешгирикунанда зиёд гузаронида мешаванд, ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии шаҳрвандон дар бораи нашъамандӣ то андозае ба роҳ монда шудааст.
Дар давраи 10 моҳи соли равон зиёда аз 65 чорабиниҳои пешгирикунанда дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ гузаронида шуда, беш аз 40 баромадҳо оиди ин гуна бемориҳо тариқи ВАО баргузор гардиданд.
Ҳамзамон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли равон аз тарафи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихони Ҷамшед корманди Раёсати Агентӣ Мирзоев Соҳибназар баҳри мубориза ва пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.

DSC02925 DSC02924

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД