Чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ дар ВМКБ

0
1299

Баҳри дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 санаи 06 май дар мактаб-интернати Президентии воқеъ дар шаҳри Хоруғ бо толибилмони синфҳои 8-9 дар мавзӯи “Мо ҳаёти солимро интихоб менамоем” чорабинии таълимӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар оғози баромад ба иштироккунандагон оиди бемории нашъамандӣ ва оқибатҳои он, зарари он ба генофонди миллат ва намудҳои вобастагӣ ба маводи нашъаовар маълумоти мушаххас доданд. Ҳамзамон ба маълумоти иштироккунандагон оиди вазъи нашъамандӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо расонида шуда, шарҳ дода шуд, ки дар вилоят теъдоди нашъамандон ба 872 нафар расидааст. Аз онҳо дар шаҳри Хоруғ, ки аҳолии начандон зиёд дорад, теъдоди нашъамандонаш ба 433 нафар расидааст, ки аз онҳо 3 нафарашон занон мебошанд.

Дар вохӯрӣ зиёда аз 60 нафар хонандагони мактаб-интернати мазкур иштирок намуда, ба ҳамаи иштирокдорони ин чорабинӣ брошюраҳои зиддинашъамандӣ тақсим карда шуданд.

Ҳамзамон рӯзҳои 9-10-уми майи соли ҷорӣ дар маҳаллаи ба номи Носири Хисрав бо ташаббуси кормандони Раёсати Агентӣ ба муносибати 70-умин солгарди «Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дар мавзӯи «Тоҷикистон бар зидди маводи мухаддир» мусобиқаи варзишӣ аз намуди «Муҳорибаи тан ба тан» баргузор гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар мусобиқа зиёда аз 900 нафар ҷавонон иштирок намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД