Чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ дар ноҳияи Дарвоз

0
2071

Аз тарафи кормандони Шӯъбаи ноҳияи Дарвози Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар байни ҷавонони ноҳияи Дарвоз сӯҳбату вохӯриҳо оиди пешгирии нашъамандӣ, корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва чорабиниҳои варзишӣ аз намуди волейбол гузаронида шуд.


Инчунин кормандони Шӯъбаи ноҳияи Дарвоз дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон варзиш ва саёҳии ноҳия дар маркази ноҳия бо иштироки ҷавонон як ҳамоиш бо шиорҳои “Тоҷикистон-зидди мухадирот” ва “Нест бод нашъамандӣ” бо роҳпаймоӣ ва гузаронидани саҳначаҳои ҳаҷвии хотирмон ва таъсирбахш гузарониданд.

Дар байни ҷавонони велосипедрон мусобиқаи велосипеддавонӣ гузаронида шуда, ғолибони чорабинии мазкур бо ифтихорномахо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД