Чорабиниҳои зиддимухадиротӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ

0
1471

Тибқи нақшаи таҳияи чорабиниҳои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» моҳи сентябри соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, Роғун, Файзобод ва ш. Турсунзода чорабиниҳои фарҳангӣ-тарғиботии зиддинашамандӣ гузаронида шуданд.

Дар чорабиниҳои мазкур намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шаҳру ноҳияҳои номбаршуда иштирок намуданд. Ба иштирокчиёни чорабиниҳо намояндагони Агентӣ оид ба оқибатхои истеъмоли маводи нашъаовар, истифодаи ғайритиббии он ва пешгирии нашъамандӣ маълумот пешниҳод намуданд. Дар шумораи умум дар чорабиниҳо зиёда аз 2 300 нафар ҷавонон ва наврасон иштирок намуданд.

Дар ҳар як чорабинӣ озмуни расми беҳтарин миёни наврасон сурат гирифт, ки аз ҳар як ноҳия 20 нафарӣ кӯдакон дар онҳо иштирок намуданд. Ҳамаи чорабиниҳои доиргардида тавассути васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва ватанӣ васеъ инъикос гардиданд.

Дар охири чорабиниҳо ба аҳолӣ маводи маълумотӣ, аз қабили буклетҳо, варақахои таблиғотӣ ва воситаҳои айёнӣ тақсим карда шуданд.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД