Чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

0
2233

Дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Шаҳринав ва Файзобод бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо дастгирии ҳукуматҳои маҳаллӣ чорабиниҳо ва иқдомҳо бар зидди маводи нашъовар бо иштироки намояндагони аҳли ҳунар ва ҷомеа гузаронида шуданд. Мусобиқаҳои варзишӣ доир ба гӯштини миллӣ ва тэквон-до, озмунҳо ва викторинаҳо барои муайян намудани беҳтарин шеърҳо, сурудҳо, расмҳои кӯдакон ва наврасон, намоишномаҳо дар мавзӯи зиддимухаддиротӣ ташкил ва гузаронида шуданд.


Мардум, ки дар байни онҳо зиёдтар наврасон буданд, ба баромадҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ба кормандони Агентӣ нисбати табобати беморони гирифтори нашъамандӣ, гирифтани пеши роҳи истеъмоли ғайритиббии маводи нашъаовар саволҳои ҷолиб дода, фикру дархостҳои худро пешниҳод намуданд, ки дар ҳаёт чизҳои диққатҷалбкунанда, ба мисли машғул бо кори дӯстдошта, варзиш вуҷуд доранд, ки аз истеъмоли маводи нашъаовар ҷолибтар аст. Дар ҳамин ҳол, намояндагони Агентӣ ба ҳозирин фаҳмониданд, ки ҷавонон бори аввал маводи нашъаоварро аз рӯи кунҷковии зиёд ва набудани иттилоот оид ба оқибатҳои фалокатбори истеъмоли он истифода менамоянд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД