ЧОРАБИНИҲОИ ЗИДДИМУХАДДИРОТӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

0
1241

Ба муносибати санаи 26-уми июн–Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд чорабиниҳои оммавии фарҳангии фароғатӣ ва варзишӣ, озмунҳои иншои расм дар мавзӯи «Нашъамандӣ ва пешгирии он», семинару вохӯриҳо ва мизҳои мудаввар баргузор шуда истодаанд.


Аз ҷумла санаи 23-июни соли ҷорӣ дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, раёсатҳои маориф ва тандурустии вилоят, маркази наркологии вилоят, бахши маркази мониторинг ва пешгирии нашъамандии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии «Дина» озмуни расми беҳтарини зиддинашъамандӣ дар рӯи мумфарш гузаронида шуд.

Барои ширкат дар озмуни мазкур толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Б. Ғафуров ҷалб карда шуда, онҳо тахайюлоти худро дар мавриди бемории нашъамандӣ, пешгирии он ва ташвиқи тарзи ҳаёти солимро дар расмҳои иншонамудаашон ба намоиш гузоштанд.

Аз ҷониби ҳакамон расми иншонамудаи толибилмони яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бӯстон бинобар дорои мазмуни баланд буданаш ба мақоми аввал сазовор дониста шуд. Ҳамчунин дигар пешсафони озмуни мазкур мавқеъҳои дуввум ва саввумро ишғол намуда, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.

Чорабиниҳои зиддинашъамандӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома доранд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД