Чорабиниҳои зидди нашъамандӣ дар донишгоҳҳои вилояти Суғд

0
1320

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳушдор додан аз оқибатҳои ҳуқуқии аъмоли ҷинояткорона, пешгирии нашъамандӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд силсила вохўриҳо бо донишҷӯён ва табақаҳои мухталифи аҳолӣ дар омўзишгоҳҳои омўзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва филиали Донишгоҳи технологии ҶТ дар шаҳри Исфара бо ҳузури ҷомеаи устодону донишҷўён баргузор намуданд.

Даставвал масъули Раёсати Агентӣ доир ба вазъи нашъамандӣ дар вилояти Суғд сухан ронда, ёдовар шуд, ки дар семоҳаи соли ҷорӣ нисбат ба семоҳаи соли 2014 сафи нашъамандон тибқи маълумоти расмии маркази наркологии вилояти Суғд аз 1088 нафар ба 1079 нафар ё худ 0,8 дарсад коҳиш ёфтааст.

Намояндаи Агентӣ тазаккур дод, ки агарчанде тамоюли коҳиши нашъамандон мушоҳида мешавад, ин асло моро қонеъ нахоҳад кард. Мо дар ҳамдастӣ бо аҳли Ҷомеа бо он хоҳем кўшид, ки зуҳуроти номатлуби нашъаҶаллобиву нашъамандӣ ва дигар кирдорҳои барои Ҷомеа нописандро то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода, фазои амну осоиштагӣ дар кишварамонро поянда нигаҳ дорем.

Донишҷўён ба саволҳои худ доир ба дастовардҳои фаъолияти хизматии кормандони Раёсати Агентӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар самти муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва мафҳуми нашъаҷаллобиву нашъамандӣ ҷавобҳои қонеъкунанда дарёфт карданд.

Худи ҳамон рўз бо иштироки намояндагони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо кормандони шўъбаи гумруки шаҳри Исфара ва шахсони масъули коргоҳи истеҳсолии «Тамохуш» дар шаҳри Исфара зиёда аз 400 кг прекурсори навъи «ангидрид»-и тезоби уксус, ки чанд сол қабл аз ҷониби гумрукчиёни шаҳри Исфара аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шуда буд, дар коргоҳи истеҳсолии «Тамохуш», ки дорои шарту шароитҳои нобуд сохтани навъҳои мухталифи прекурсорҳо мебошад, нобуд карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД