Чорабиниҳои зиддимухадиротӣ дар вилояти Хатлон

0
1220

Тибқи нақшаи таҳияи чорабиниҳои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» моҳи октябри соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ноҳияҳои Шӯрообод, Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор чорабиниҳои фарҳангӣ-тарғиботии зиддинашамандӣ гузаронида шуданд.

Дар чорабиниҳои мазкур намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шаҳру ноҳияҳои номбаршуда иштирок намуданд. Ба иштирокчиёни чорабиниҳо намояндагони Агентӣ оид ба оқибатхои истеъмоли маводи нашъаовар, истифодаи ғайритиббии он ва пешгирии нашъамандӣ маълумот пешниҳод намуданд. Дар шумораи умум дар чорабиниҳо зиёда аз 2 000 нафар ҷавонон ва наврасон иштирок намуданд.

Дар ҳар як чорабинӣ озмуни расми беҳтарин миёни наврасон сурат гирифт. Ҳамаи чорабиниҳои доиргардида тавассути васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва ватанӣ васеъ инъикос гардиданд.

Дар охири чорабиниҳо ба аҳолӣ маводи маълумотӣ, аз қабили буклетҳо, варақахои таблиғотӣ ва воситаҳои айёнӣ тақсим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД