Чорабиниҳои зиддинашъамандӣ дар байни ҷавонон

0
1268

Тибқи Нақшаи баргузории чорабиниҳои зиддинашъамандӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо маводи нашъаовар, ки ҳамасола рӯзи 26 июн қайд карда мешавад, кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “СПИД Фонд Шарқу Ғарб – Тоҷикистон” 17 июни соли ҷорӣ дар толори варзишии “Вастан” – и шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини “Дзю-до”, зери шиори «Тоҷикистон зидди маводи нашъаовар» баргузор гардид.

Қобили тазаккур аст, ки мақсади мусобиқа аз тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни наврасон ва ҷавонон иборат мебошад.

Ғолибони мусобиқа аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД