Маъракаи зиддинашъамандӣ дар вилояти Суғд

0
1311

Маъракаҳои фарогири зиддинашъамандӣ дар вилояти Суғд дар Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он бо насби даъватнигораҳо дар кӯчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд ва санаи 24 июни соли ҷорӣ дар толори театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо баргузории чорабинии оммавӣ-фарҳангӣ, варзишӣ ва фароғатӣ идома ёфт.

Сараввал дар саҳн ва даромадгоҳи театри мазҳакаи мусиқии ба номи К. Хуҷандӣ аз тарафи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд ярмаркаи ҷойҳои холӣ гузаронида шуд.

Баъдан озмунҳои иншо, мусаввараҳо ва варақаҳои беҳдоштӣ, ки аз ҷониби хонандагон ва донишҷӯёни фаъол ва коркунони муассисоти тандурустии шаҳри Хуҷанд таҳия карда шуда буданд, аз ҷониби ҳайати ҳакамон аз зумраи намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, раёсатҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ мавриди баҳогузорӣ қарор гирифта, он маҳсули эҷодиёти ширкатдорони озмуни мазкур, ки дорои мӯҳтавои баланд ва нишонрас буданд, ба мақомҳои шоиста сазовор дониста шуда, барои қадршиносӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ пешбарӣ гардиданд.

Қисмати расмии чорабинии зиддинашъамандӣ бо суханони намояндагони ҳукумати вилоят ва Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки аз тадбирҳои андешидашаванда ва сиёсати зиддинашъамандии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамовозии қотеъ ва сартосарии кишварамон бо маҳфилҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ дар мубориза бар зидди зуҳуроти нашъамандӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазъи нашъамандии вилояти Суғд тазаккур карданд, ҳусни оғоз гирифт.

Қисмати тафреҳии чорабинӣ бо сурудаҳои дилнишини ҳофизони Суғдзамин, ҳунарнамоии варзишгарон дар намудҳои мухталифи варзиш, намоиши саҳнавии гурӯҳи ҳаҷвии «Хандинкамон» ва викторина дар мавзӯъҳои мафҳуми нашъамандӣ, усулҳои мубориза ва пешгирии он, навъҳои маводи мухаддир ва оқибатҳои ногувори он ба саломатӣ, оқибатҳои ҳуқуқии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҷараён гирифт.

Дар анҷоми чорабинӣ аз тарафи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташаббускорон ва иштирокдорони фаъоли чорабинии мазкур барои саҳми фаъол дар пешгирии нашъамандӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим бо тӯҳфаҳои арзанда қадршиносӣ карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД