ЧОРАБИНИИ ЗИДДИНАШЪАМАНДӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

0
1249

Бо мақсади таҳия намудани “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” санаи 17 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати он дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо Хадамоти Прокуратураи Ҷумҳурии Корея дар Боғи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа чорабинии зиддинашъамандии фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ доир карда шуд. Дар он зиёда аз якуним ҳазор мактаббачагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонаи шаҳр иштирок намуданд.

Макони баргузории чорабинӣ бо шиорҳои «Зиндагӣ бе маводи нашъаовар ширин аст», «Нашъамандӣ заволи умр» ороста шуда буд. Қисмати расмии чорабинӣ бо суханони шодбодии намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи Ҷумҳурии Корея ҳусни оғоз гирифт.

Баъдан дар байни ҷавонону наврасон озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Нашъамандӣ ва роҳҳои мубориза бо он» гузаронида шуд, ки иштирокчиёни озмун дар расмҳои иншокардаашон маърифат ва тахайюлоти худро дар мавриди бемории нашъамандӣ ва оқибатҳои он таҷассум карданд.

Қисмати тафреҳии чорабинӣ бо намоишномаи намояндагони аҳли ҳунар таҳти унвони «Вабои аср», ки дар бораи ба доми нашъаҷаллобон гирифтор шудани ҷавонону наврасони аз оқибати амали худ ноогоҳ ва оқибати нашъамандиву бадрӯзии онҳо қисса мекард, кушоиш ёфт.

Дар чорабинӣ ҳамчунин байни мактаббачагон мусобиқа дар навъҳои мухталифи варзиш, аз ҷумлаи вазнбардорӣ ва дастхобонӣ гузаронида шуд.

Мактаббачагон бо рақсу сурудҳои дилнишин табъи ҳозиринро шод намуданд.

Дар анҷом ба онҳое, ки дар озмуни расмкашӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ба мақомҳои сазовор комёб шуданд, тӯҳфаҳои арзанда эҳдо карда шуд.

Аз ҷониби созмондиҳандагони чорабинӣ изҳори омодагӣ карда шуд, ки дар оянда низ гузаронидани ин қабил чорабиниҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи зиддинашъамандӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим ба роҳ монда хоҳанд шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД