БАРГУЗОРИИ СИЛСИЛА ВОХӮРИҲО ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

0
243

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи муштараки хамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 49, 51, 72, 100, инчунин Коллеҷи технологӣ  ва Коллеҷи политехникии шахри Душенбе силсила вохӯриҳоро доир намуданд.

Дар вохӯриҳои мазкур кормандони Агентӣ оид ба пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, нашъамандӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бемориҳои хатарноки сироятӣ, шомил шудан ба ҳар гуна гурӯҳҳои ҷиноятӣ, шабгардиву оворагардӣ, усулҳои дуруст ва ба манфиат истифода бурдани шабакаҳои интернетӣ  баромад карда, зикр намуданд, ки онҳо бештар ба илмомӯзӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва техникаи муосир таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар ҷомеа тарғибгари тарзи ҳаёти солим бошанд.

Дар ҷамъбасти чорабиниҳо хонандагон фикру ақидаҳои худро баён дошта, баромадҳои судманд намуданд.

Баргузории чунин силсилавохӯриҳо дар дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шудааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД