Боздошти нашъаҷалобон бо героин

0
231

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти бисёрмарҳила аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати дароз як гурӯҳи ҷиноятиро коркард намуданд, ки ба муомилоти ғайриқонуни маводи нашъаовар даст зада, интиқоли онро аз ҳудуди ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба ш.Душанбе  ва ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ монда буданд.

Ҳафтаи сипаригардида ҳангоми амалӣ намудани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди маҳалаи 102-юми шаҳри Душанбе сокинон Сурхов Саъдиҷон Саидхочаевич ва Мирзоев Рустамҷон Бобокалонович бо ҷурми нашъаҷаллобӣ дастгир гардиданд.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дастгиршудагон як селофан, ки дар дохилаш як баста маводи зардчатоби буйи махсусдошта мавҷуд буд дарёфт ва гирифта шуд.

Мутобиқи маълумотномаи Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ, маводи нашъадори мусодирагардида навъи “Героин” буда, вазни он 1 кг. ташкил дод.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Айни ҳол чораҳои зарурӣ барои муайян ва боздошт намудани аъзоёни боқимондаи ин гурӯҳ, ки ба ҷинояти мазкур алоқамандӣ доранд, андешида шуда истодаанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД