Мусобиқаи велосипедронӣ бахшида ба рӯзи мубориза бар зидди маводи нашъаовар

0
1504

26 июн дар Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи велосипедронони Тоҷикисоне ва Академияи Олимпии Ҷумҳурӣ мусобиқаи велосипедрониро ташкил намуданд, ки дар он зиёда аз бист нафар варзишгарон иштирок намуданд.

Мусобиқаи велосипедронӣ аз бинои Агентӣ оғоз ёфта, дар ҷойҳои серодами ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии пойтахт давом ёфт.

Дар ҷойҳои таваққуф корҳои фаҳмондадиҳӣ, ки ба паст намудани зарари истеъмоли маводи нашъаовар ва тарғиби тарзи солим равон гардидааст, гузаронида шуданд. Иштирокчиёни мусобиқа ва кормандони Агентӣ ба мардум доир ба ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, хатари ҷалб намудани наврасон ба истеъмоли маводи нашъаовар нақл намуданд.

Ба сокинони маҳаллаҳо варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД