ТАШРИФИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ БА ҚИСМИ ҲАРБИИ 051057-И ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ

0
637

 Таъмини зиндагии осудаи ҳар як шаҳрванди мамлакат ва оромиву суботи ҷомеа дар шароити торафт доман паҳн кардани таҳдиду хатарҳои муосир пеш аз ҳама аз ҳифзи содиқонаи Ватани азиз ва хизматчиёну кормандони сохтори қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сатҳу салоҳияти баланди касбӣ, зиракии сиёсӣ ва дасту дили пок маншаъ мегирад.

Хизмати арзандаву шоиста, такмили пайвастаи донишу малакаи касбӣ, маданияти баланди шаҳрвандӣ, ҷаҳонбинии солим, зиракиву ҳушёрӣ, ҷасорату далерӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ исботи садоқат ба Ватан-модар аст.

Бо назардошти ин, моҳи апрели соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни афсарон ва роҳбарияти қисми ҳарбии 051057-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯҳои “Нуқтаҳои муҳимтарин аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 22-юми декабри соли 2017, “Эълони Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018–2028”, “Пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, нашъамандӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм”, “Муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ”, “Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки ба болоравии маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон ва хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат мекунад, вохӯрӣ ва баромад намуданд.

Аз ҷониби баромадкунандагон бори дигар таъкид карда шуд, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ дар назди давлат ва халқи худ вазифадор аст, ки бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву садоқат қарзи ҷавонмардонаи худро адо намояд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД