Вохӯрии Директори Агентӣ бо Сафири Фаронса

0
124

7-ноябри  соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии  Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар баргузор гардид.

Дар оғози вохӯри Директори Агентӣ ба Сафир оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюл ва пешгӯии инкишофи он, роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар, ошкору пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоот дода, инчунин ӯро бо мақсад, вазифа ва сохтори Агентӣ шинос намуд.

Хонум Ясмин Гуедар ба Директори Агентӣ барои маълумоти пешниҳоднамуда изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки иттилооти мазкур барои дарк намудани он, ки Ҳукумати ҶТ барои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар чӣ чораҳо андешидааст, мусоидат менамояд.

Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни Агентӣ ва мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Фаронса дар самти ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ташкил ва гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ, бунёди варзишгоҳҳо ва майдончаҳои варзишӣ дар деҳоти кишвар, ки он ҳам бевосита ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ мусоидат менамояд, муҳокима намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД