Вохӯрии Муовини Директори Агентӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

0
235

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғибу фаҳмондадиҳии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” санаи 25 феврали соли равон вохурии Муовини Директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор карда шуд.

Аз ҷониби ҳайати донишгоҳ бошад зиёда аз дусад нафар ширкат варзида, нахуст чорабиниро Муовини ректор оид ба муолиҷа Қобилов Қобилҷон оғоз намуда баён доштанд, ки баргузории чунин вохӯриҳо ба зеҳну тафаккури ҳар як донишҷӯ ва ҷавони ватандуст боз ҳам идроку қувваи тоза мебахшад.

Муовини Директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, Паёми мазкурро ҳамчун  санади барномавии зиндагӣ ва фаъолияти хизматии ҳар як хизматчии давлатӣ ва аҳли ҷомеъа, хусусан ҷавонон, ки ояндасози миллат мебошанд муаррифӣ намуданд.  Ҳамчунин иброз намуданд, ки ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз руйдодҳои муҳими сол арзёбӣ мегардад.

Муртазо Ҳайдарзода дар баромади худ оид ба вазъи маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубталошавии ҷавонон ба нашъамандӣ ва даст задани  онҳо ба ҷиноятҳои мухаддиротӣ, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ изҳори андеша ва нигаронӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки дар пешгирии мубталошавӣ ба маводҳои нашъадору марговар ва хатарҳои замони муосир эҳтиёткор бошанд.

Дар хотимаи  вохӯрӣ аз ҷониби иштироккунандагон саволҳо пешниҳод карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД