ВОХӮРИИ НАВБАТИИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ

0
282

Аз санаи 17 то 19.01.2019 кормандони Агентӣ дар байни истиқоматкунандагони маҳаллаи “Бедил”, хонандагон ва устодони муассисаҳои таҳсилоти умумии №36, №31 ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон вохӯриҳо оид ба пешгири нашъамандӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯриҳои мазкур кормандони Агентӣ сараввал оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 26 декабри соли 2018, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва терористӣ, пешгирии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон суханронӣ намуданд.

Аз ҷониби донишҷӯён ва устодон дар мавзӯҳои болозикр саволҳо пешниҳод карда шуданд, ки кормандон ба онҳо посухҳои мушаххас иброз доштанд.

Дар охири вохӯрӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ ба иштирокчиён буклету варақаҳои иттилоотӣ  тақсим карда шуд.

 

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД