ВОХӮРӢ ДАР АГЕНТӢ ОИДИ МАСЪАЛАИ МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ФАЪОЛИЯТ

0
1203

27 марти соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрӣ оид ба масъалаҳои меъёри арзёбии фаъолияти ҷузъу томҳои зиддимухаддиротӣ баргузор гардид, ки дар он Директори Агентӣ, намояндагони Намояндагии минтақавии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, шуъбаҳои назорати маводи нашъаовари назди Сафорати ШМА дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи Агентӣ муаррифинома оиди меъёрҳои арзёбии самаранокии фаъолияти кормандон намоиш дода шуд. Пас аз он байни иштирокчиёни вохӯрӣ мубодилаи афкор ва таҷриба оиди масъалаи меъёрҳо ва методикаи арзёбии фаъолияти идораҳои зиддимухаддиротӣ ба вуқӯъ пайваст.

Роҳбари Агентӣ самаранокии мавзӯи муҳокимашавандаро қайд намуда, пешниҳод намуд, ки ин гуна вохӯриҳо бо иштироки коршиносон давом дода шавад, инчунин моҳи апрели соли ҷорӣ мизи мудаввари дуюм оиди масъалаи мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҶТ ташкил карда шавад.

Инчунин пешниҳод гардид, ки дар якҷоягӣ бо шарикон меъёрҳои умумии арзёбии фаъолияти ҳамаи идораҳои зиддимухаддиротии минтақа таҳия карда шаванд.

Намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таҷрибаи истифодаи меъёрҳои арзёбии фаъолияти АНМН-ро мусбӣ баҳо дода, қайд намуданд, ки таҷрибаи мазкур дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа истифода бурда намешавад.

Таҳияи лоиҳа оид ба меъёрҳои арзёбии фаъолияти сохторҳои дигари зиддимухаддиротӣ имкон медиҳад, ки фаъолият дар масъалаи ташкили мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъадор дар минтақа воқеӣ ва объективона арзёбӣ карда шавад

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД