Вохӯрӣ дар Агентӣ

0
1370

5 март дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар чорчӯбаи “Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он мушовири Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ – ҳамоҳангсози зербарнома ҷаноби Юсуф Моллаоғлу, намояндагони ВКХ, АНМН, СҚС КДАМ, Хадамоти гумрук, ВКД, Вазорати адлияи ҶТ иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои гузаронидани чорабинҳо дар соҳаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкил намудани лоиҳаҳои нав дар чорчӯбаи барнома, ки онро Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои солҳои 2015-2017 дар Осиёи Марказӣ ба нақша гирифтааст, баррасӣ гардиданд. Инчунин нақшаи кории зербарномаи “Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” – “Мубориза бар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии ҷинояткорӣ” муҳокима гардид. Зербарнома барои васеъ намудани миқёси нуқтаи назар нисбат ба ҳамкории минтақавӣ, гузаронидани амалиётҳои муштарак дар минтақа оид ба маводи мухаддир ва прекурсорҳо, мубдилаи иттилоот, мустаҳкам намудани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир бо роҳи ҳамоҳангсозии фаъолият дар минтақа пешбинӣ шудааст.

Гузаронидани як қатор семинарҳо, тренингҳо ва курсҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2015-2017 пешбинӣ гардидааст. Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар вохӯрӣ иштирок намуданд, ба ҳайати Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба экспертизаи судӣ ва маводи мухаддир” дохил карда мешаванд. Гузаронидани Ҷаласаи якуми Гурӯҳи корӣ дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД