Вохӯрӣ дар Бадахшон

0
1262

Баҳри дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи миллии мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва баҳри пешгирии нашъамандӣ 23 сентябри соли ҷорӣ дар мактаби таҳсилоти умумии №7 дар маҳаллаи “Тирчид”-и шаҳри Хоруғ аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилоят вохӯрӣ бо толибилмони синфҳои болоӣ баргузор гардид.

Кормандони Агентӣ вазъи нашъамандиро дар Тоҷикистон ва хусусан дар вилоят таҳлил намуда, қайд карданд, ки вазъи нашъамандӣ дар ВМКБ ташвишовар аст: дар вилоят теъдоди нашъамандон ба 874 нафар расида, дар худи шаҳри Хоруғ 325 нафар нашъамандон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 3 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Мутахассисони Агентӣ ба толибилмон дар бораи таърихи пайдоиши маводи нашъаовар ва оқибати фоҷиаовари истеъмоли он нақл намуданд. Ҳамзамон вохӯрӣ байни толибилмон ва кормандони Раёсати Агентӣ ба таври саволу ҷавоб гузаронида шуд.

Инчунин ба ҳамаи иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ оиди нашъамандӣ ва ВНМО тақсим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД