Вохӯрӣ дар Бадахшон

0
1556

Баҳри дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабинии алоҳида ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Хоруғ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 8-уми августи соли 2016 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Хоруғ бо кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф ва илм вохӯрӣ баргузор намуданд.


Кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ доир ба мавзӯи пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ, шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ сухан намуданд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят оиди гирифтани пеши роҳи қочоқи маводи нашъаовар дар вилоят баромад намуданд.

Вохӯрӣ аз тарафи кормандони Телевизиони Бадахшон ба навор гирифта шуда, тариқи телевизиони маҳаллӣ пахш карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД