Вохӯрӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

0
1449

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо масъули Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур бо ҷалби ҷавонони фаъол доир ба зарурат ва мӯҳтавои тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар раъйпурсии умумихалқии санаи 22-майи соли ҷорӣ сурат мегирад, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба сафҳои созмону ҳаракатҳои террористиву ифротгаро ва тундрави мазҳабӣ, оқибатҳои ҳуқуқии содир намудани ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва зарари равониву ҷисмонии зуҳуроти нашъамандӣ ва амрози сироятӣ аз он вохӯрӣ баргузор намуданд.


Вохӯриро бо нутқи ифтитоҳӣ муовини раиси ноҳия ҳусни оғоз бахшида, ширкати фаъолонаи ҷавонони ноҳияро чун нерӯи тавоно дар баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии пешомад – раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон амри зарурӣ хонда, иштироки ҳар як узви ҷомеаи Тоҷикистонро дар ҳаёти сиёсии мамлакат чун вазифаи конститутсионӣ арзёбӣ намуд.

Сипас намояндагони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ақидаронӣ намуда, баён доштанд, ки ҳар як ҷавони меҳанпараст ва миллатдӯст бояд бо азбар кардани дониши амиқ ва шуғл варзидан бо корҳои шоиста дар эъмори ҷомеаи рӯ ба рушд ва пешрави Тоҷикистон ҳисса гузошта, дар ростои пешгирии содиршавии аъмоли зиддиҳуқуӣ ва ҷинояткорона дар байни ҳамсолони худ ва ҳидояти онҳо ба роҳи мақбули зиндагӣ кору иқдом намоянд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин нуктаҳои хосаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуда, зарурати он тақвият кардани асосҳои давлатдорӣ ва ба марҳалаи тозаи рушди мардумсолорӣ ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД