Вохӯрӣ дар қисми низомии шаҳри Бӯстон

0
1799

Дар қисми низомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, зуҳуроти нашъамандӣ ва шарҳу эзоҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни сарбозон вохӯрӣ доир намуданд.


Дар вохӯрӣ Абдуллозода Шӯҳратҷон, намояндаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Суғд мақсади баргузории вохӯриро фаҳмонидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳушдор додан аз оқибатҳои даст задан ба кирдорҳои зиддиҳуқуқиву амалҳои зишт, ва ҷилавгирии ҷавонону наврасон аз пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ арзёбӣ намуд.

Зимни суханронии худ номбурда изҳор дошт, ки ҷавонон ба ҳайси қувваи пешбари ҷомеа бояд дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ чун инсони комил тарбия ёфта, ба халқу ватани хеш камари ҳиммат банданд.

Дар бахши саволу ҷавоб ширкатдорони вохӯрӣ доир ба чигунагии таъсири зиёновари навъҳои маводи нашъаовар ба инсон, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содиркунандагони ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, усулҳои самарабахши пешгирии зуҳуроти нашъамандӣ ва чораҳо ҷиҳати офиятбахшии иҷтимоии беморони нашъаманд ва моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон саволгузорӣ намуда, посухҳои аниқу мушаххас гирифтанд.

Баргузории силсилаи вохӯриҳо дар дигар қисмҳои низомии гарнизони вилояти Суғд пешбинӣ шуда, доир карда хоҳанд шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД