Вохӯрӣ дар қисми ҳарбӣ

0
1437

Санаи 25-уми августи соли ҷорӣ дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд воқеъ аст, бо иқдоми Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба шарафи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирӣ, мубориза ва паёмадҳои номатлуби нашъамандӣ баргузор карда шуд.


Дар вохӯрӣ ҳайати фармондеҳии қисми низомӣ, муовинони командири қисми ҳарбӣ ва афсарону сарбозон ширкат доштанд.

Сараввал намояндаи Раёсати Агентӣ доир ба таърихи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, ёдовар шуд, ки ҳар як фарди соҳибдилро мебояд бо шукронаи ин неъмати бузург бо меҳнати софдилонаву шоиста дар рушду нумӯи соҳоти мухталифи кишварамон саҳмгузорӣ намояд.

Сипас доир ба чигунагии бемории нашъамандӣ, омилҳои гирифторӣ ба ин бемории марговар ва оқибатҳои тиббиву иҷтимоии он маълумоти муфассал дода шуд. Дар баробари ин оид ба вазъи умумии нашъамандии вилоят, натиҷаҳои фаъолияти хизматии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар самти муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва чораҳои амалишаванда бобати пешгирии қочоқи маводи мухаддир мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи кишвар ба тарбияи хизматчёни халқу меҳан дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва садоқат ба ватан аҳамияти хоса дода шавад, то ягон қувваи харобкору даҳшатфикан ҷуръати халалдор сохтани амният ва таҷовуз ба марзу буми моро надошта бошад.

Вохӯрӣ бо табодули саволу ҷавоб дар мавзӯи матраҳ ва дар рӯҳияи баланд ба анҷом расид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД