Вохӯрӣ дар Душанбе

0
1135

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар мактабҳои таҳсилоти умумии рақами 24 ва 58 ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо оиди масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди нашъамандӣ, майзадагӣ, паҳншавии бемориҳои сироятии ҷинсӣ-венерикӣ, ВНМБ/АНМБ (ВИЧ СПИД) гузарониданд.

Дар вохӯрии мазкур кормандони Агентӣ иштирок намуда, дар бораи зарари истеъмоли маводҳои мухаддир ба инсон, инчунин оқибатҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ ва тиббӣ сӯйистеъмоли маводҳои нашъадор маълумот доданд. Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон асосан дар бораи ба омилҳои номатлуб даст задани ҷавонон ва наврасонро фаҳмонданд. Хусусан сабабҳои ба гурӯҳҳои ифротгароӣ даст задани баъзе ҷавонон баррасӣ гардид. Дар охири чорабинии мазкур ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуд.

Инчунин аз тарафи кормандони Агентӣ дар байни кормандони Вазорати нақлиёт оиди маводҳои нашъаовар ва моддаҳои психоактивӣ ба воситаи слайд презентатсия нишон дода шуд. Аз тарафи кормандон саволҳои бештар оид ба маводҳои синтетикӣ дода шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД