Мулоқот дар донишкадаи пӯлод ва хӯла

0
1295

11 март бо мақсади иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои вобаста ба татбиқи иҷроиши “Барномаи таълимӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019” дар филиали Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва дар шаҳри Душанбе вохӯрии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо устодон ва донишҷӯёни мактаби олӣ баргузор гардид.

Дар назди ҳозирин муовини Директори Агентӣ Ҳ. Маҳмудзода баромад намуда, оиди ҷанбаҳои тарбияи ҷавонон, натиҷаҳои таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, масъалаҳои ҷалб намудани ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи ғайрирасмӣ, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, қонунвайронкунии маъмурӣ, пешгирии нашъамандӣ сухан намуд.

Мутахассисони Агентӣ ба ҳозирин муаррифиномаҳоро оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақа, оид ба ташаббусҳои зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намудҳои нави маводи нашъаовари синтетикӣ намоиш доданд.

Дар рафти сӯҳбат донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД