Вохӯрӣ дар ноҳияи Лахш

0
1781

Кормандони Шӯъбаи байниноҳиявии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бо толибилмони коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббӣ, Литсейи касбӣ-техникии ноҳия дар мавзӯи “Тоҷикистон зидди мухаддирот” вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур Раиси ноҳияи Лахш, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва махаллаҳои ноҳия, имомхатибони ноҳия ширкат варзиданд.
Дар рафти вохӯрӣ мутахассисон оид ба зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар, пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ маълумот пешниҳод намуданд.
Рафти баргузории чорабинии мазкур тавассути шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” наворбардорӣ гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД