Вохӯрӣ дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

0
2165

Тибқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз тарафи кормандони Раёсати АНМН-и назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд вохӯрии навбатӣ дар байни ҳайати устодон ва донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Пешгирии зуҳуроти нашъамандӣ» баргузор гардид.       Дар вохӯрӣ ашхоси масъул дар мавзӯҳои «Мубориза бо нашъаҷалобиву нашъамандӣ ва роҳҳои пешгирии он, вируси норасоии масъунияти одам, гепатити В, С, афсурдагии рӯҳӣ ва бенаслӣ, натиҷаҳои фаъолияти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят, фаҳмондани оқибатҳои гаравидан ба созмону ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ” баромад намуданд.

Миёни донишҷӯён ва масъулини соҳа оид ба намудҳои маводи нашъадор ва суистеъмоли онҳо суолу ҷавоб баргузор гардида, нисбати суолҳои додашуда донишҷӯён посухҳои мукаммал гирифтанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД