Вохӯрӣ дар Хадамоти Муҳоҷират

0
1362

16 апрел дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматчиёни ин соҳа баргузор гардид.

Дар баромад оиди ҷанбаҳои тарбияи ҷавонон, натиҷаҳои таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, масъалаҳои ҷалб намудани ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи ғайрирасмӣ, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, қонунвайронкунии маъмурӣ, пешгирии нашъамандӣ сухан намуд.

Мутахассисони Агентӣ ба ҳозирин муаррифиномаҳоро оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақа, оид ба ташаббусҳои зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намудҳои нави маводи нашъаовари синтетикӣ намоиш доданд.

Дар рафти сӯҳбат хизматчиёни Хадамоти муҳоҷират ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалҳои минбаъдаи тафтишотӣ-оперативӣ дар шаҳри Исфара дар хонаи яке аз дастгиршудагон бо истифода аз саги хизматӣ дар махфигоҳ зиёда аз 1 кг героин ёфт ва мусодира гардид.

Бояд қайд намуд, ки ду нафар аз занони дастгиршуда қаблан барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шуда буданд.

Айни ҳол тафтишот муайян намуда истодааст, ки дастгиршудагон ният доштанд маводи нашъаовари героинро ба куҷо интиқол диҳанд.

Амалиёт бо иштироки бевоситаи афсари алоқаи Агентӣ, ки зиёда аз ним сол дар шаҳри Оши Қирғизистон фаъолият менамояд, амалӣ гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД