Вохӯрӣ дар ҶДММ “Нассоҷии тоҷик”

0
1626

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои зиддинашъамандӣ дар хобгоҳи ҶДММ “Нассоҷии тоҷик” дар шаҳри Душанбе дар байни кормандони корхонаи мазкур вохӯрӣ ташкил намуданд.

Аз тарафи намояндагони Агентӣ презентатсия дар бораи оқибатҳои сар задани бемории нашъамандӣ, сироятшавӣ бо бемориҳои ВНМО, Гепатит С, содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва наврасон пешниҳод гардид.

Иштирокчиён оиди саволҳои худ аз тарафи намояндагони Агентӣ посухи пурра ва муфид гирифтанд.

Дар охири чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД