Вохӯрӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт

0
1062

Вохӯрии навбатии  Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода бо аҳли зиё ва истиқоматкунандагони ноҳияи Фирдавсии пойтахт баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Директори Агентӣ оид ба Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаҳои иқтисодӣ-иҷтимоиро, ки дар Паём инъикос гаштаанд, ба диққати ҳозирин расонид.

Ҳамчунин таваҷҷуҳи асосии иштирокчиёни вохӯрӣ ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, рушди ҳамкориҳои дохилӣ бо мақомоти дахлдори кишвар, ҳамгироии фаъолияти мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷие, ки бо мо дар ин самт ҳамкорӣ менамоянд, равона карда шуд.

Фирдавси (1)

Шерхон Салимзода қайд намуданд, ки сарвари давлат дар суханронии худ оид ба се самти асосии нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ борҳо таъкид намуданд.

Дар вохӯрии мазкур оид ба амният ва субот дар кишвар, вазъи муомилоти маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон мавриди суханронӣ қарор гирифт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД