Вохӯрӣ дар ноҳияи Шоҳмансур

0
1922

27 июл дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо намояндагони Раёсати занони шаҳри Душанбе дар байни фаъолзанони ноҳияи мазкур вохӯрӣ баргузор намуданд.


Дар вохӯрӣ кормандони Агентӣ дар мавзӯҳои “Зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар”, “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ” сӯҳбат намуданд. Дар анҷоми вохӯрӣ ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттиллотии зиддинашъамандӣ тақсим карда шуд.

Вохӯрии мазкур дар телевизиони Пойтахт сабт ва пахш гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД