Вохӯрӣ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба

0
1495

Тибқи нақшаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 июн бо кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ вохӯрӣ ташкил карда шуд.


Дар вохӯрии мазкур кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар ва қочоқи он, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав аз тарафи бархе аз ҷавонон ва ашхоси ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар гардида, бемориҳои сироятӣ аз қабили ВИЧ/СПИД ва гепатит маълумот пешниҳод гардида, филмҳои мустанад ва роликҳоро дар мавзӯъҳои зикршуда ба иштирокчиён пешкаш намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи иштирокчиён ба мутахасиссон саволҳо пешниҳод гардида, фикру дархости онҳо оид ба пешгирии ин гуна амалҳои номатлуб дар ҷомеа, шунида шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД