Вохӯрӣ дар вилояти Суғд

0
1552

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо масъулини шӯъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд бо устодон ва ҳунаромӯзони Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Хуҷанд вохӯрии фаҳмондадиҳӣ баргузор карда, дар ҷараёни он мавзӯҳои вазъи умумии нашъамандӣ дар вилоят ва ҷумҳурӣ, омилҳои асосии ҷиноятсодиркунии ҷавонону наврасон, хусусиятҳои вабои нашъамандӣ ва роҳҳои мубориза ва пешгирии онро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Маърӯзачиён ҳамчунин аз даҳшату хавфу хатарҳои таҳдидҳои глобалии ҷаҳони муосир, амсоли ташаккул ёфтани терроризми байналмиллаливу экстремизми динӣ ва ноандешонаву ноогоҳона фирефтаи созмону ҳаракатҳои тундгарои мазҳабӣ ва ифротӣ гаштани ҷавонону наврасон суханронӣ намуда, иштирокдорони вохӯриро бо фаро гирифтани касбу дониши ғании муосир ва меҳнати софдилона баҳри халқу кишвари соҳбистиқлоламон ҳидоят намуданд.25042017-2

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД