Мулоқот дар донишгоҳи миллии Тоҷикистон

0
1331

6 октябри соли 2015 тибқи нақшаи таҳияи чорабиниҳои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва бо мақсади иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои вобаста ба татбиқи иҷроиши “Барномаи таълимӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрӣ бо донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва таърих баргузор гардид, ки дар он намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ иштирок намуданд.

Дар назди ҳозирин муовини Директори Агентӣ М. Ҳайдарзода баромад намуда, оиди ҷанбаҳои тарбияи ҷавонон, натиҷаҳои таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, масъалаҳои ҷалб намудани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, қонунвайронкунии маъмурӣ, пешгирии нашъамандӣ сухан намуд.

Дар рафти сӯҳбат донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД