Вохӯрӣ дар донишгоҳи миллии Тоҷикистон

0
1112

14 октябри соли 2015 тибқи нақшаи таҳияи чорабиниҳои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва бо мақсади иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои вобаста ба татбиқи иҷроиши “Барномаи таълимӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019” дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳ, ки дар он намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ иштирок намуданд.

Дар назди ҳозирин намояндаи Агентӣ баромад намуда, оиди ҷанбаҳои тарбияи ҷавонон, натиҷаҳои таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, масъалаҳои ҷалб намудани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, қонунвайронкунии маъмурӣ, пешгирии нашъамандӣ сухан намуд.

Дар рафти сӯҳбат донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД