Вохӯрӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон

0
1313

15 декабри соли 2015 тибқи нақшаи таҳияи чорабиниҳои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва бо мақсади иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои вобаста ба татбиқи иҷроиши “Барномаи таълимӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019” дар толори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ вохӯрӣ бо донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ иштирок намуданд.

Дар назди ҳозирин намояндагони Агентӣ баромад намуда, оиди ҷанбаҳои тарбияи ҷавонон, натиҷаҳои таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, масъалаҳои сӯйистеъморли маводи нашъаовар, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, қонунвайронкунии маъмурӣ, пешгирии нашъамандӣ сухан намуданд.

Дар назди ҳозирин инчунин намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ баромад намуданд.

Дар рафти сӯҳбат донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД