ВОХӮРӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

0
1500

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ моҳи март тибқи нақшаи муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо, суд дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳия Фирдавсӣ ва муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе” вохӯрӣ миёни толибилмони синфҳои болои ва волидайни онҳо баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои нашъамандию нашъаҷалобӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, қонунвайронкунӣ, танфурӯшӣ, хариду фурўши одамон, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон филмҳои маърифатӣ низ ба иштирокдорон барои тамошо пешниҳод карда шуд.

Дар охири вохӯрӣ ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД