Вохӯрӣ дар филиали Донишгоҳи Давлатии Москва

0
1364

19 декабри соли 2015 дар толори филиали Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар Тоҷикистон вохӯрӣ бо донишҷӯён зери шиори “Ҷавонон зидди маводи нашъаовар” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ иштирок намуданд.

Дар назди ҳозирин намояндагони Агентӣ баромад намуда, оиди ҷанбаҳои тарбияи ҷавонон, натиҷаҳои таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, масъалаҳои сӯйистеъмоли маводи нашъаовар, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, қонунвайронкунии маъмурӣ, пешгирии нашъамандӣ сухан намуданд.

Донишҷӯён барои ҳозирин презентатсия дар бораи зарари истеъмоли маводи нашъаовар, викторина дар мавзӯи маводи нашъаовар пешкаш намуданд.

Дар рафти сӯҳбат донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД